Дар доираи баргузории амалиёти навбатии “Корд” дар шаҳри Душанбе 70 силоҳи сард мусодира шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, амалиёти навбатӣ аз 1-ум то 7-уми март дар минтақаҳои гуногуни пойтахт гузаронида шуд. Дар  ҷараёни он 13 нафар, аз ҷумла, 4 ноболиғ дастгир шуданд.

Аз онҳо дар умум 70 силоҳи сард, аз ҷумла, 67 корд, 2 табар ва 1 чӯбдаст (бита) дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) ва нисбат ба дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Дар шумори онҳо Зафар Чиллаев, ки қаблан барои фурӯши силоҳҳои сард дар ҶДММ «Корвон плюс» боздошт гардида буд, дубора ба даст афтод. Аз ӯ қаблан 1650 адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира шуда буд. Номбурда такроран ба ин амал машғул шудааст, ки нисбаташ чораҳои таъсиррасони қонунӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ андешида шудааст.