Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки шахсони дар паҳнкунии овозаҳои беасос дар бораи коронавирус дастдоштаро ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ҷамшед Абдуллоев дар ин хусус шахсан ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.

“Аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дархост мекунам, ки дар робита ба вазъи харидории миқдори хеле зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби аҳолӣ, нисбати як гурӯҳи тоҷирон, ки ба воридот ва фурӯши орду равған машғуланду дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишвари мо овозаҳо паҳн карда, мардумро ба ташвиш андохтанд, тадбирҳои қонунӣ андешида шавад”, - навиштааст корбар дар муроҷиаташ.

Вобаста ба ин муроҷиат ВКД изҳор мекунад, ки ҳақиқатан ҳам овозаҳо дар бораи коронавирус асоси воқеӣ надоранд ва ин мақомот барои муайян кардану боздошти шахсони дар ин кор дастдошта ҳамаҷониба чора андешида истодааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 4 ва 5 март дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе пас аз паҳншавии овозаҳо дар бораи коронавирус мардум ба харидани миқдори хеле зиёди маҳсулоти ғизоӣ - орду равған, шакар, макарон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд.

Дар ин рӯзҳо нархи орд ба андозаи 15-20% афзуда, арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 200-210 сомонӣ то ба 240-250 сомонӣ боло рафт.

Пеш аз рӯзҳои истироҳат, 6 март ташвишу таҳлукаи мардум кам шуда, вазъ ба эътидол омад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар шаҳри Турсунзода, нисбати як тоҷири яклухтфурӯши орд аз рӯйи далели беасос боло бурдани нарх ба маҳсулоташ мувофиқи муқаррароти Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст.