Суғд: 244 парвандаи ҷиноятӣ нисбати заминбизнесҳо

Суғд: 244 парвандаи ҷиноятӣ нисбати заминбизнесҳо

 Дар вилояти Суғд  оид ба худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 244 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидаааст.

Ба гуфти муовини прокурори вилояти Суғд, 4394, 98 гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида, ба 260 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 230 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътирозҳо оварда шудааст. Муовини якуми прокурори вилояти Суғд Изатулло Муҳаммадӣ  имрӯз зимни нишасти хабарӣ  бо журналистон аз ҳолатҳои ғасби замин ва тақсимоти ғайриқонунии он нигаронӣ  карда гуфт:

“90 фисади  эътирозҳои  прокурорӣ, ки нисбат ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бароварда шуд вобаста ба замин аст. Яъне аз 260 адад қарорҳои баровардаи раисони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд   230 ададаш бекор карда шуд.

 Аз 244 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ки нисбат ба заминбизнесҳо боз шуда, шумораи аз ҳама бештар дар байни кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар давоми соли 2019 нисбат ба  14 нафари раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Инчунин 7 нафар корманди корхонаи фаръии бақайдгирии замин, 7 нафар  корманди ҷамоатҳо, 3 нафар кормандони кумитаи идораи замин низ ба ҷавобгариҳои ҷиноятӣ кашида шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон