Мақомот эҳтимоли тамдиди муҳлати бақайдгирии симкортҳоро шарҳ дод

Мақомот эҳтимоли тамдиди муҳлати бақайдгирии симкортҳоро шарҳ дод

 Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохили ҶТ Халилзода Ҳусейн Собир дар суҳбати телефонӣ ба pressa.tj гуфт, ки мо ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар хусуси тамдиди бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) нома навишта, интизори ҷавоб ҳастем.

Дар дархости мазкур гуфта шудааст, ки дар робита ба ҳолатҳои техникӣ, вазорат ба додани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ дар муҳлати муқарраршуда фурсат наёфт. Ва ҳамчунин додан ва дубора ба қайд гирифтани шумори хеле зиёди симкортҳо дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст.

Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврали соли 2020 муҳлати муқарраршудаи дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон