Сафари Точикистонихо ба Чин махдуд мешавад!

  Сафари Точикистонихо ба Чин махдуд мешавад!

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз Вазорати корхои хориҷа ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хостааст, то дар сафари сайёҳон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Ин тасмим ҷиҳати пешгирӣ аз ворид шудани вируси наве гирифта шудааст, ки дар Чин паҳн шудааст ва нигарониҳо аз интиқоли он ба нуқтаҳои дигари ҷаҳон зиёд аст.
Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, "дар пайи бонги хатари Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустӣ бо Фурудгоҳи байналмилаллӣ ва хатсайрҳои заминиву ниҳодҳои дигар тамос гирифта, ин масъаларо дар миён гузоштааст.
Ҳоло ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ, назорати мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон меоянд пурзӯр шудааст ва тамоми ташхисгоҳҳо барои саривақт аз санҷишу ташхиси гузаронидани ин мусофирон омодаанд.
Ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз интиқоли вируси чинӣ ба Тоҷикистон, ба ду ниҳоди масъул -- Вазорати корҳои хориҷа ва Кумитаи рушди сайёҳӣ мактуби расмӣ ирсол шудааст, то сафари шаҳрвандони кишвар ба Чин маҳдудият ҷорӣ шавад. Аз сокинон хоста шудааст, то пеш омадани ягон зарурат аз сафар ба Чин худдорӣ кунанд. Ин вазъ то мӯътадил шудани вазъият идома хоҳад кард.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин аз ин ду ниҳод хостааст, шахсият, будубош.
(манбаъ: Озоди)

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон