ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ

ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ

 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қосимов Оятулло Одилович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чоркӯҳ,  кӯч. Бӯстон х.77 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 04.01.2020 сол тахминан соати 18.15-дақиқа дар кӯч. Асатуллоев бо ш-ндон;  Файзиддинов Нарзидин Наҷмиддинович 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чоркӯҳ, кӯч. Таги-Сада х.246 ва Ҷалолов Билолиддин Бозорович 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Чоркӯҳ, кӯч. Таги-Сада х.246, вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 2-маротиба ба миёни шаҳрванд Файзиддинов Н. ва 2-маротиба ба миёни шаҳрванд Ҷалолов Б. задааст. Дар натиҷа ш-дон; Файзиддинов Н.Н. ва Ҷалолов Б.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Исфара бистарӣ гардидаанд.  Нисбати шаҳрванд   Қосимов О.О. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қ. 2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

06.01.2020 шаҳрванд Қурбонов Рустам Абдуллоевич 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Қушониён, ҷ/ш Бохтариён, деҳ. Ф.Саидов, кӯч. Чехов х.6 ба ШВКД ш.Бохтар муроҷиат намуд, ки шаби 05 ба 06.01.2020 сол тахминан соати 00.30-дақиқа писараш, Амиршоев Фирӯз Рустамович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҳамон ҷо ҳангоми дар назди “Коҳи Ватан”, воқеъ дар кӯч. Б.Ғафурови ш.Бохтар қарор доштанаш, шахсони номаълум бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа шаҳрванд Амиршоев Ф.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии вил. Хатлон бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Одинаев Сафарбек Муродбекович 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Борбад х.31, ҳ.11, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон