Талаби ҳукми якумрӣ ба айбдоршавандаҳои теракти Петербург

Талаби ҳукми якумрӣ ба айбдоршавандаҳои теракти Петербург

 Додситонии Русия барои айбдоршавандаҳои асосии теракти метрои Петербург ҳукми якумрӣ талаб кард.

Надежда Тихонова, намояндаи додситонӣ рӯзи 18 ноябр гуфт, ки айби онҳо собит шудааст.

Ба ҷуз аз Аброр ва Акрам Азимовҳо, инчунин Муҳамадюсуф ва Иброҳимҷон Эрматовҳо ҳафт тани дигар дар доираи парвандаи мазкур муҳокима мешаванд. Онҳоро дар «Иштирок дар ҷамъияти террористӣ», «Теракт ва омодагӣ ба он», «Таҳия ва интиқоли ғайриқонунии силоҳ» айбдор мекунанд.

Додситонӣ барои айбдоршавандаҳои дигар то 28-солӣ зиндон талаб дорад.

10 тан аз 11 айбдоршаванда айбҳои эъломшударо рад карданд. Дар яке аз муҳокимаҳо онҳо варақаҳои «Моро фиреб доданд», «Мо гунаҳкор нестем» ва «Ҳоло мебинед, ки нисбати мо далеле мавҷуд нест»-ро дар даст доштанд.

Аъзои Комисияи нозирони ҷамъиятии Санкт-Петербург талаб кард, ки шикояти Муҳамадюсуф Эрматов дар бораи шиканҷа шуданаш бояд санҷида шавад. Акрам ва Аброр Азимовҳо ҳам дар бораи шиканҷа шикоят карданд.

Рӯзи 3 апрели соли 2017 дар метрои шаҳри Петербурги Русия таркиш рух дод. Дар натиҷа 16 тан, аз ҷумла маргталаби эҳтимолӣ кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, таркишро Акбарҷон Ҷалилови 22-сола, зодаи Қирғизистон ташкил кардааст. Дар натиҷаи таркиш 103 тан маҷруҳ шуданд. 9 тан аз кушташудаҳо зан ва 7 тани дигар мард буданд. Мақомот 11 касро бо гумони содир кардани ин теракт боздошт карданд. Боздоштшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон