Занони Суғд ҳамла ба дидбонгоҳи Султонободро маҳкум карданд

Занони Суғд ҳамла ба дидбонгоҳи Султонободро маҳкум карданд

 Занони вилояти Суғд, қазияи рӯзи 6 ноябр - ҳамла ба дидбонгоҳи Султонободро, ки чандин куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, қатъиян маҳкум карданд

Дар ин росто, бонувони вилояти Суғд, рӯзи 11 ноябри соли 2019 дар ҷаласаи васеи Шӯрои занони вилояти Суғд, муроҷиатнома қабул кардаанд.

Ин муроҷиатнома дар дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд нашр шудааст, ки онро бетағйир инҷо пешкашатон мекунем.

Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми Тоҷикистон

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, душманони миллат хостанд як гӯшаи ватанамонро ноором сохта, ба сулҳу суботи кишвар латма зананд.

Хоинони ватан ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, соати 03:23-исубҳи 6-уминоябри соли 2019 ҳамлаи мусаллаҳона намуда, мехостанд бо ин амали зишту ноҷавонмардонаи хеш обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонанд. Лекин, онҳо ба ин мақсадҳои нопоку зишти худ нарасиданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврии мақомотҳои қудратӣ дар ҷойи ҳодиса 15 ҳамла ва кушта ва панҷ тани дигар дастгир шуданд. Мутаассифона, афсарону сарбозони шуҷову далери ватан бар зидди хоинони миллат зиддият нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Мо, кулли бонувони Суғдзамин ба падару модар, наздикону пайвандони онҳо сабри ҷамил хоста, барои тарбияи чунин фарзанди ватандӯсту шуҷоъ арзи сипос менамоем. Худо кунад, ки ҳамаи модарони мо фарзандони хешро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намуда, ба камол расонанд.

Ин ҳодисаи нангини рухдода, кулли модарони Ватани азизамонро ором намегузорад. Ин рўйдод дили модаронро реш-реш кардаву аз рафтору кирдори бераҳмонаи хиёнаткорон мо ҳамагон ангушти ҳайрат мегазем.

Аммо ҳастанд инсонҳое, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ нарасида, монанди заҳрпечак мехоҳанд Ватани озоду ободи моро заҳролуд намоянд.

Он душманони миллат, ки дидаву дониста ба оромии ҷомеаи мо халал ворид месозанд ва кишвари орому мардуми дорои маданияти волоро ба ҷаҳониён бо дигар усул муаррифӣ месозанд, ҳаргиз ба мақсади нопоки хеш намерасанд. Зеро имрўз мақомоти қудратии кишвар ва аз ҳама муҳимаш мардуми сарбаланди тоҷик имкон дорад, ки садди роҳи чунин ҳодисаҳои нангин гардад.

Заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри рушди бемайлони кишвар, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва муаррифии мамлакати биҳиштосоямон ба ҷаҳониён нигаронида шуда, моро дар навбати худ водор месозад, ки дар сурати халалдор шудани вазъи амнияти кишвар бетарафӣ зоҳир накунем.

Мо, занон бояд аз як гиребон сар бароварда, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин ҳаракатҳо мубориза барем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми босазо гузорем. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намоем.

Осуда зистан, аз ҳавои беғубор нафас кашидан, дилхоҳ ихтисосро интихоб кардану таҳсили илм намудан, дар сари дастурхон сарҷамъона нишастан ин ҳама неъмати Истиқлолият аст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадя намудааст.

Бонувон дарк намуданд, ки оромию амнияти ҷомеа дастоварди беназир ва неъмати бебаҳоаст. Аз ин лиҳоз, онро чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ ва ҳифз менамоянд.

Мо, бонувон ин амали зишту ноҷавонмардонаро сахт маҳкум менамоем. Шароите, ки ҳоло дар кишварамон барои зиндагӣ муҳайёст, сазовори садҳо шукрона мебошад. Халқи тоҷик ҳамаи ин ободиву шукуфоии мамлакатро дида истода, бо боварӣ гуфта метавонад, ки ҳеҷ гоҳ ба душманон ва хоинони миллати тоҷик бовар нахоҳад кард. Итминон дорем, ки хиёнаткорон бо ин кирдори нопокашон ҷазои сазоворро хоҳанд гирифт.

Мо, занону бонувони сарбаланд ва бонангу номуси вилояти Суғд сиёсати оқилона, хирадмандона, дурандешона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сад дар сад ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалигардонии он, ки омили муҳими ободию шукуфоии ватан мебошад саҳми босазо мегузорем.



Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20191118/1030240329/Zanon-Sugd-hamla-ba-didbongoh-Sultonobod-mahkum-kardand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон