Нашри навори савганди 6 ниқобпӯш. ДОИШ иддао дорад, ки онҳо ба марзбонон ҳамла кардаанд

Нашри навори савганди 6 ниқобпӯш. ДОИШ иддао дорад, ки онҳо ба марзбонон ҳамла кардаанд

 Хабаргузории марбут ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” видеои байъати шаш мардро нашр кард, ки иддао мешавад, дар ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон ширкат кардаанд.

ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Имрӯз, 9-уми ноябр видеои савганди шаш нафар ниқобпушро ба ҷойгузини халифаи худхонда-Абубакри Бағдодӣ нашр кард. Бағдодӣ чанде пеш дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карданд. Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса панҷ марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ин гурӯҳи шаш нафара дар тан либоси сиёҳ доранд ва чеҳраашон бо ниқоб пушида аст. Макони сабти навор маълум нест ва чеҳраи онҳо низ шинохта намешавад.

Онҳо бо забони арабӣ ба ҷойгузини нави Абубакри Бағдодӣ савганд ёд мекунанд ва ҳарфе бо тоҷикӣ ба забон намеоранд. Коршиносон инро нахустин баъйат ба "халифа"-и нави гурӯҳи тундрав ва аввалин ҳамлаи ДОИШ пас аз марги Бағдодӣ медонанд.

Онҳо либосе дар тан доранд, ки ба аксҳои нашрнамудаи мақомоти тоҷик аз ҷангҷӯёни кушташуда шабеҳ аст. То куҷо ин шаш нафар ҳамон кушташудаҳо ҳастанд, маълум нест.

Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар оғоз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" хонд. Масъулон гуфтанд, 20 ҷангҷӯи ДОИШ шаби 3-юми ноябр "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас, ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".


"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", -- омадааст дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябр.

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар задухӯрд 15 ҷангҷӯи гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро кушта, панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон инчунин гуфт, ин афрод ҳангоми ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорат рӯзи 6-уми ноябр чанд акси ҷои ҳодисаро нашр кард, вале дертар онро пок намуд.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса тафсилоти дигар дар даст нест. Мақомот ба суолҳо посух намегӯянд ва таъкид мекунанд, ки таҳқиқ идома дорад.

Дар бештар аз як соли ахир гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти чаҳор ҳамлаи маргборро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.

Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд. Мақомот соли гузашта гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ин гуруҳи даҳшатафкан пайвастаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон