Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

Ҳамлаи террористӣ ба постгоҳи марзии Тоҷикистон ин қасам ба халифаи нав буд

 Масъулияти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" воқеъ дар назди марзи Тоҷикистону Узбакистонро гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ бар уҳда гирифтанд

Шабехуни 6 -уми ноябр, вақте террористони ниқобпӯш ба гузаргоҳи сарҳадии "Ишқобод" ҳамла оварданд, ҳамчун нишонаи садоқат ба халифаи навбаргузида арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад AFP истинодан ба маълумоти расонаҳои марбут ба ДОИШ.

Террористон қабл аз ҳуҷум намудан ба дидбонгоҳи марзӣ, навореро назди парчами сиёҳи гурӯҳи ҷудоихоҳ сабт намуданд, ки дар он ба халифаи навбаргузида ба нишони садоқат қасам мехӯранд.

 

Раҳбари қаблии ДОИШ Абубакр ал- Бағдодӣ чанд рӯз қабл бар асари амалиёти заминӣ -,ҳавоии низомиёни Амрикоӣ кушта шуд.

Ҳарчанд гузоришҳо ҳокиянд, ки роҳбари нави гурӯҳи террористии ДОИШ интихоб гардидаст, вале то ҳол маълумот дар бораи шахсияти фармондеҳи навашон рӯи даст нест.

Ахиран гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" масъулияти ҳамла ба постгоҳи марзии "Ишқобод"-ро кори дасти ҷангиёнаш хонда, аз ҳалокати 10 низомии тоҷик хабар доданд.

 

Бояд қайд кард, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд ва дирӯз хабари кушта шудани низомии 6 - уми тоҷик низ таъйид шуд.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191109/1030189902/hamla-terrorist-ba-postgoh-marzi-Tojikiston-in-kasam-ba-khalifai-nav-bud.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон