Линдер: занони маргталаб шояд барои интиқомгирӣ ба дидбонгоҳи Ишқобод ҳамла карданд

Линдер: занони маргталаб шояд барои интиқомгирӣ ба дидбонгоҳи Ишқобод ҳамла карданд

 Раиси Ассосиатсияи байналмилалии таълимии зиддитеррористӣ Иосиф Линдер, ҳузури занон дар ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистону Узбакистонро шарҳ дод

Иосиф Линдер дар сӯҳбат ба радиои Sputnik азҳор намуд, ки агар зане дар Шарқ силоҳ ба дасти худ гирад, пас маълум мешавад, ки вай ангезаи ҷиддӣ дорад.

Линдер мегӯяд, ба гурӯҳҳои террористӣ аслан нафароне ҷалб мешаванд, ки руҳан дорои ақидаҳои гуногунанд.

"Миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки пайвандонашон ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва аснои пиёда кардани ягон амалиёт ҷон аз даст доданд. Дар  ин сурат наздикони онҳо,  алалхусус занон дар фикри интиқом гирифтан мешаванд", - мегӯяд линдер.

Гузашта аз ин, раиси Ассосиатсияи байналмилалии таълимии зиддитеррористӣ мегӯяд, ки ба сафи гуруҳҳои террористӣ аслан шаҳрвандони кишварҳое ҷалб мешаванд, ки аз лиҳози пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ костагии назаррас доранд.

Ҷалб намудани шаҳрвандони кишварҳои муттарақӣ ба ин гурӯҳҳо қариб ғайриимкон аст, мегӯяд Линдер.

 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/radio/20191108/1030186021/Linder-zanon-margtalab-shoyad-baroi-kasd-giriftan-ba-didbongoh-Ishkobod-hamla-kardand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон