Боздошти тоҷикистонӣ бо 20 кг героин дар Узбакистон ҳангоми қасди интиқол ба Қазоқистон

Боздошти тоҷикистонӣ бо 20 кг героин дар Узбакистон ҳангоми қасди интиқол ба Қазоқистон

 Мақомоти интизомии Узбакистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки қасди интиқол додани 20 кг маводи мухаддир ба Қазоқистонро доштаст

Кормандони Раёсати амниятии давлатӣ дар вилояти Сирдарё, як тоҷикистониро боздошт намуданд, ки кӯшиши интиқол додани миқдори калони маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Қазоқистонро дошт, хабар медиҳад УзА.

Тафтишот муайян намудаст, ки шаҳрванди Тоҷикистон, қаблан ин миқдор маводи сахттаъсири героинро ба Узбакистон интиқол дода, дар хонаи як шарики худ дар Тошканд онро пинҳон намудаст.

Кормандони мақомоти интизомӣ бар инанд, ки ташкилкунандаи асоси интиқоли 20 кг маводи мухаддир шаҳрванди Қазоқистон аст, ки ба хотири таҳвили минбаъдаи он ба Узбакистон омадааст.

Интиқолдиҳандагони маводи мухаддирро дар вилояти Сирдарё боздошт карданд ва аз онҳо 20 кг 32 грамм маводи сахттаъсири героинро мусодира карданд.

 

Гуфта мешавад, аснои ба бозори сиёҳ роҳ ёфтани ин миқдор маводи мухаддир он ба қиммати 300 ҳазор доллар фурухта мешуд.

Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191030/1030129000/bozdosht-tojikistoni-bo-20-kg-geroin-ba-uzbakiston-burd-ammo-dar-kazokiston-bozdosht-shud.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон