"Шогирд”-и Шоҳрух Саидзода ва 2 корманди амният “беҳтарин” эълон шуданд

"Шогирд”-и Шоҳрух Саидзода ва 2 корманди амният “беҳтарин” эълон шуданд

 Капитан Авазшо Саидов, ваколатдори калони оперативии Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВУД Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Шоҳрух Саидзода ба уҳда дорад, “Корманди беҳтарини оперативӣ” дониста шуд 

“Дар ин озмун 16 корманд аз мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар 3 давр иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти холҳо, доварони озмун ба хулосае омаданд, ки 3 иштирокчӣ ғолиби озмун ҳисобида шавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ваколатдори калони оперативии Раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД, капитани милитсия Авазшо Саидов ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - капитани адлия М.Ҳамдамов ва лейтенанти хурди адлия Беҳрӯз Воситов, ғолиб эълон шуда, бо медалҳои сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ афзуд, ки ба иштирокчиёни фаъоли ин озмун барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ раҳматномаҳо аз номи вазири умури дохилӣ супорида шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/defense_safety/20191006/1029986395/Shogird-i-Shohrukh-Saidzoda-va-2-kormandi-amniyat--behtarin-elon-shudand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон