ДУЗДИИ АМВОЛИ ДОНИШҶӮ

ДУЗДИИ АМВОЛИ ДОНИШҶӮ

 04.09.2019 шаҳрванд Наботов Бахтиёр Боевич 2000 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии ш.Кӯлоб, мувақ. истиқоматкунандаи кӯч. Ш.Шакар х.8 ба ШВКД шаҳри Кулоб муроҷиат намуд, ки шаби 03 ба 04.09.2019-сол тахминан соатҳои 01.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳавлии истиқоматиаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «SAMSUNG GT-S570F-J5», 1-адад телефони мобилии тамғаи «honor-96-LLD-L31», 1-адад телефони мобилии тамғаи «MI-5», 1-адад телефони мобилии тамғаи «alcatel», 1-адад шиму кастюм, 1-адад куртаи рангаш сафед ва 170-сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5170-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Давлатов Исроил Саъдуллоевич 2001 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи Давлатии ш.Кӯлоб, истиқоматкунандаи кӯч. Абдушукурова х.126 дастгир карда шуд, ки номбурда ҷинояти мазкурро бо “Холмурод” ном шахси ба тафтишот номаълум содир намудааст. Барои муайян ва дастгир намудани “Холмурод” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон