Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

  

Cарфи назар аз он, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби қирғиз, алалхусус баъзе сокинони ғаразноки он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, мунтазам ин созишҳоро қасдан вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби қирғиз низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар дафъа бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.

24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд. Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон талаботи протоколҳои дар боло зикршударо пайваста сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.

Дар ҳоли ҳозир дигар шоеа нест, балки далелҳои ғайри қобили инкор гувоҳи бар он медиҳанд, ки ҷониби қирғиз ҳозир нест масъалаи мазкурро он гуна, ки дархӯри ҳамсоягони накӯ бошад, аз роҳи гуфтушунид ва тафоҳум ҳаллу фасл кунад ва талош дорад, ки ба Тоҷикистон фишор биоварад. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.

Айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

 

http://khovar.tj/2019/08/i-vogarii-navbat-dar-marzi-to-ikiston-va-ir-iziston-2/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон