ДУЗДИИ 115 ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ДАР ЯК ШАБ

ДУЗДИИ 115 ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ДАР ЯК ШАБ

 15.08.2019 шаҳрванд Камолов Умедҷон Собирович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Муҳаммадиев х.24, ҳ.51 ба ШВКД шаҳри Ҳисор муроҷиат намуд, ки шаби 14 ба 15.08.2019 сол шахсони номаълум  бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар куч. Х.Саидон даромада, аз он ҷо 115-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки арзиши умумиашон 20.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

15.08.2019 шаҳрванд Кароматуллои Сангимад 1992 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Яккачинор х.4, ҳ.62 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-2 муроҷиат намуд, ки  шаби 13 ба 14.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон