ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР АМАЛИЁТҲОИ ҶАНГӢ

 14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Пирматов Улуғбек Тоҳирович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.18 дастгир карда шуд. Номбурда, аввалҳои соли 2017 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.С.Петербурги Фед.Россия рафта дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, тавассути барномаи интернетии “Телеграмм” саҳифаи худро бо тахаллуси “Абузар Абузар” ба қайд гирифта, бо ҳамроҳии аъзоёни ташкилоти террористии катибаи “Ал-Бухорий” бо тахаллусҳои “Абуҳиҷра”, “Абу Умар”, “Ал-Бухорӣ”, “Муҳаммад-Умар” ва “Фаррухи Шомӣ”, ки айни ҳол шахсияташон ба тафтишот номаълум мебошад, шиносоӣ пайдо намуда ақида ва  ғояҳои онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда ба ташкилоти мазкур шомил шудааст. Баъдан моҳи январи соли 2017 писари аммааш, Ҳакимов Аброр Охунович 1989 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Гагарин х.13 ҳ.27-ро барои шомил шудан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати Исломӣ” даъват намудааст. Сипас, шаҳрванд Пирматов У.Т. бо воситаи аъзоёи ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати Исломӣ” бо тахаллуси “Муҳаммад-Умар”, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум мебошад, алоқа барпо намуда, писари аммааш Ҳакимов А.О-ро барои иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона бар зидди ҳукумати дав. Сурия ба Ҷум.Туркия равон намудааст ва бо мақсади иҷро намудани фарзияи “ҷиҳоди молӣ” ба Ҳакимов А.О. 4500 рубли ФР-ро додааст. Нисбати шаҳрвандон Пирматов У.Т. ва Ҳакимов А.О. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 401 иловаи 1, 179 иловаи 2 қ.3, ва 307 иловаи 2 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон