МОШИНРО РАБУДУ БА САДАМ ДУЧОР ШУД

МОШИНРО РАБУДУ БА САДАМ ДУЧОР ШУД

 13.08.2019 шаҳрванд Исматов Ҷӯрабек Нугманович 1990 с/т, истиқоматкунандаи  кӯч. Гулистон х.12 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 12.08.2019 сол тахминан соати 18.00-дақиқа ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ-155 қарор доштанаш шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайёта Карола”, р/д 94-44 ТТ 05-ро ғайриқонуни ҳай карда бурда, дар кӯч. Гагарин ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд  Кенҷаев Муҳаммадҷон Суҳробҷонович  2001 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Бинихисорак  х.36 дастгир карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон