ҚАЛЛОБӢ ДАР ФУРӮШИ ЗАМИН

 13.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муҳиддинов Равшанҷон Муъминович  1969 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Хистеварз, кӯч. Ҳамза  х.1 пеш бо мод.247 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи феврали соли 2017  бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ёқубов Наби Ҷӯраевич  1958 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Хистеварз, кӯч. К. Фарғона х.97 даромада,  аз ӯ ба маблағи  8 000-доллари ИМА-ро гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди заминҳои х/д «А. Сатторов»-и ҷ/д Хистеварзи н. Б. Ғафуров, ба масоҳати 0,6 га қитъаи замини ҷудо карда медиҳад ва то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Нисбати ш-нд Муҳиддинов Р.М. парвандаи ҷиноятӣ бо мод.247 қ.4 ва 338 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон