ДУЗДИИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР

ДУЗДИИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР

 13.08.2019 шаҳрванд Тураева Шоимгул Ҳикматуллоевна 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Баҳор, деҳаи Камонгарон ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 11.08.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2000-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллогин, ки арзиши умумиашон 12500-сомониро ташкил медиҳад,  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Шоҳрухи Абдуқодир 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Теппаҳои Шарқӣ  х.12 пеш бо мод. 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва  Аъзамов Оятулло Қудратуллоевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, маҳ. Сино  х.206 пеш бо мод. 139 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуданд.

 

13.08.2019 шаҳрванд Холов Файз Рузибоевич 1975 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Бустон-қалъа, деҳаи Эргаш ба ШВКД ноҳияи Вахш муроҷиат намуд, ки шаби 08 ба 09.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди чарогоҳи ҷ/д Машъал, деҳаи Сечашма 5-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 60000-сомониро ташкил медиҳад,  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

13.08.2019 шаҳрванд Сулаймонов Мусохон Ҳайдарович 1988 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳаи Теппаи Самарқандӣ ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-2 муроҷиат намуд, ки шаби 03 ба 04.08.2019 сол тахминан соатҳои 02.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 10000-сомониро ташкил медиҳад,  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

13.08.2019 шаҳрванд Маҳмаднабиев Яҳё Шомуродович 1995 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Анзоб, х.321 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 12.08.2019  сол тахминан соатҳои 08.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ашёҳои рузғор, ки арзишашон 11080-сомониро ташкил медиҳад,  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон