ПАДАР ПИСАРИ НОБОЛИҒАШРО 10 КОРД ЗАД

ПАДАР ПИСАРИ НОБОЛИҒАШРО 10 КОРД ЗАД

 13.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мусоев Фаррух Ҳасанович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Х.Ғиёсов  х.70 дастгир карда шуд. Номбурда,  санаи 12.08.2019 тахминан соатҳои 23.00 дақиқа дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, Мусоева Фирӯза Юлдошбоевна  1984  с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, писараш Мусоев Диловар Фаррухович  2011 с/т ва духтараш Мусоева Дилфуза Фарруховна 2013 с/т-ро аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷ/д Гули-Сурх бурда, дар роҳ аз мағоза 1-адад корд харидорӣ карда,  писараш Мусоев Д.Ф.-ро бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задаааст. Дар натиҷа ноболиғ Мусоев Д. Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар БМ ш. Истаравшан бистарӣ гардидааст. Оиди ин ҷиноят чораҳо барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо мод.110 қ.1 КҶ ҶТ андешида шуда истодааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон