ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

 13.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки   шаҳрванд Немонов Фирӯзҷон Абдулқаюмович 1994 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Д.Барот  х.50, соли 2016 ба  муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремисти-терористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Немонов Ф.А. моҳи сентябри соли 2016 тавассути Ҷум.Туркия ба давлати  Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати конститутсионии давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Немонов Ф.А. парвандаи ҷиноятӣ таҳти бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон