ДУЗД АЗ САНДУҚ 5000 ДОЛЛАРО РАБУД

ДУЗД АЗ САНДУҚ 5000 ДОЛЛАРО РАБУД

 12.08.2019 шаҳрванд Қурбонова Бахтиниссо Наҷмиддиновна 1989 с/т, миллаташ тоҷик,  бекор, истиқоматкунандаи кӯч. 50-солагии Тоҷикистон х.3, ҳ.14 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки шаби 11 ба 12.08.2019-сол тахминан соати 01.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ  тирезаи а/м шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс” р/д 12-51 ДО/01, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, шикаста аз дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон” ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзиши умумиашон 12000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.  Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

12.08.2019 сол шаҳрванд Раҷабалиева Гулниссо Сайдалиевна 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Зарафшон М-5 х.9, ҳ.11 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 10.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 5000-доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

12.08.2019 шаҳрванд Турдиева Рӯзигул Умаровна 1956 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҷ.Раҳмонов, деҳ. Қ.Наимов ба ШВКД ш.Турсунзода муроҷиат намуд, ки шаби 10 ба 11.08.2019-сол тахминан соати 01.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ  ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

12.08.2019 сол шаҳрванд Исмоилов  Хурмҷон Исломҷонович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н. Б. Ғафуров, ҷ/д  Ёва, кӯч.  Шарқ х.39,  ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки  санаи 12.08.2019 сол  тахминан соати 10:30 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс» р/д ТҶ 40-14 ВК/02,  ки дар рӯ ба рӯи  бинои истиқоматии кӯч.  Сирдарё, беназорат меистод, 1-адад ноутбуки  тамғаи «HPENVY 15х360 AMDRYZEN»  ки арзишаш 5840 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон