ҒОРАТГАР АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ДАСТ АФТОД

ҒОРАТГАР  АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ДАСТ АФТОД

 12.08.2019 сол шаҳрванд Толиби Талабшо 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н. Ш.Шоҳин, ҷ\д Чагам, деҳ. Чагам ба ШВКД шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, ки санаи 12.08.2019 сол тахминан соатҳои 15 ба 16-00 дақиқа шаҳрванд Намоззода Рамазон Ҳотам 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н. Ш.Шоҳин, ҷ\д Чагам, деҳ. Чагам, дар деҳ. Чагам бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи (Самсунг Ҷ-1), ки арзишаш 550-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғаиб задааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷинояткор дастгир гардида, далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон