ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 12.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Зуҳуров Шаҳбоз Искандарович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Темурмалик х.9, ҳ.2, соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москва Ф.Россия рафтааст. Номбурда, дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, тавассути шабакаи интернетии “Одноклассники” бо мустаъори  “Суҳайб”, саҳифаи худро кушода, ҳангоми истифода бурдани шабакаи иҷтимоии мазкур дар ҷойи аксҳои худаш сабтҳои видеоии тарғибкунанда ва аъзоёни ташкилоти терорристӣ-экстремистии ба ном  "Давлати Исломӣ”-ро, ки мақсади асосиашон сарнагум сохтани як қатор давлатҳои демократии дунявӣ ва барпо намудани давлати ягонаи исломи “Хилофат” мебошад, ҷой дода, бо мақсади тарғибу ташвиқи фаъолияти мазкур таввасути сомонаи интернети тариқи оммавӣ паҳн карда, дар фаъолияти ғайриқонунии он бо истифода аз воситаҳои ахбори омма иштирок кардааст. Нисбати шаҳрванд Зуҳуров Ш.И. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон