ДАҲШАТ! НОБОЛИҒ ДУ НАФАРРО БО КОРД ЗАД

ДАҲШАТ! НОБОЛИҒ ДУ НАФАРРО БО КОРД ЗАД

 11.08.2019 шаҳрванд Ғиёсов Қосимҷон Бадриддинович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский х. 25, ҳ.18 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки тахминан соати 06.30-дақиқа писари ноболиғаш, Ғиёсов Умар Қосимҷонович 2005 с/т, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №37 ва рафиқаш, ноболиғ, Азизов Аҳмадшоҳ Хӯҷаевич 2004 с/т, хонандаи синфи 9-уми МТМУ 37, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский х.25, ҳ.31-ро ки дар назди бинои истиқоматиашон меистоданд, ноболиғ, Анушервони Аҳрор 2004 с/т, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №37, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Ғуломов х.46, аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда 1-маротибагӣ ба шикамашон зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ноболиғон Ғиёсов У.Қ ва Азизов А.Х.ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ММТ ҶТ бистарӣ гардидаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон