ДУЗДОН ҶАВОҲИРОТ ВА ДУЧАРХАРО БУРДАНД

ДУЗДОН ҶАВОҲИРОТ ВА ДУЧАРХАРО БУРДАНД

 04.08.2019 шаҳрванд Ҳусейнова Муқадас Гурезовна 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳ.3 х.7, ҳ.14 ба ШВКД ноҳияи Турсунзода муроҷиат намуд, ки санаи 04.08.2019 сол тахминан соати 20.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тиллогин, ки арзишашон 9500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

04.08.2019 сол шаҳрванд Холиқов Саъдулло Лутфуллоевич 1976 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\ш И.Сомонӣ, кӯчаи З.Наимов х.56 ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки санаи 03.08.2019 сол тахминан соатҳои 08 ба 09:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди майдончаи “Ҳумо”, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ, 1-адад велосипеди тамғаи “Аист”, ки арзишаш 600-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

05.08.2019 сол шаҳрванд Қонунова Анварбӣ Давлатовна 1963 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев х.9/3, ҳамшираи шавкат дар беморхонаи марказии ш.Кулоб ба ШВКД муроҷиат намуд, ки шаби 04.08.2019 сол тахминан соатҳои 22 ба 23-00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тилогин ва нуқрагин, ки арзишашон 150000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

04.08.19 сол шаҳрванд Шарифов Аҳмад Тоҳирович 1956 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н. Б.Ғафуров, ҷ/д Х.Усмон, кӯчаи Айнӣ х.14 ба ШВКД муроҷиат намуд, ки санаи 03.08.2019 сол тахминан соати 21:00 дақиқа шаҳрванд Хоҷаев Фарҳод Раҳимбердиевич 1987 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш. Панҷакент, ҷ/д Саучина, деҳаи Саучина, пеш бо моддаи 112 ва 147 қ.1 КҶ ҶТ суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои боғи фароғатии «Наврӯзгоҳ», вокеъ дар маҳ.31-уми ш. Хучанд, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбати шаҳрванд Хоҷаев Ф.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 244 қ.2 КҶ ҶТ сол оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

04.08.19 сол шаҳрванд Юнусов Юсуф Мухторович 1956 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи кӯчаи Озодӣ х.128 ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки санаи 29.07.2019 сол тахминан соати 23:00 дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ароба, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Нортоҷов Мунимҷон Маҳкамович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш. Истаравшан, кӯчаи Шифокорон х.4 дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Нортоҷов М.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон