ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ (ИФРОТГАРОӢ)

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ (ИФРОТГАРОӢ)

 04.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Намозов Рӯзибой Холиевич 1991 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Т.Сангин, деҳаи С.Айнӣ, Абраев Ёқубҷон Турқунович  1994 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, Қарабоев Фарҳод Ҷураевич  1990  с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва Ҷуманазаров Чори Алимович 1971   с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд. Номбурдагон, санаи 01.03.2018 сол то ин ҷониб ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаи интернетии “Ютуб”, “Одноклассники” ва “Телеграмм”  баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гӯш карда, оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” маълумот пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд. Шаҳрвандон Намозов Р.Х., Абраев Ё.Т., Қарабоев Ф.Ҷ. ва Ҷуманазаров Ч.А. баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровардаанд, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошанд ва минбаъд ба шаклу  усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намуданд. Сипас, баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи С.Айнӣ, ҷ/д Т.Сангини ноҳия ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, ба ғайр аз ин номбурдагон бо ҳамроҳии ҳаммаслаконашон шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои “Шайх Абдулло Доғистонӣ, Абдулло Зуфар, Абу Салоҳ, Содиқ-Самарқандӣ ва Муҳаммад Хаблос-ро мавриди мутолиа қарор додаанд. Нисбати шаҳрвандон Намозов Р.Х., Абраев Ё.Т., Қарабоев Ф.Ҷ. ва Ҷуманазаров Ч.А. аз тарафи  ШТ РКДАМ ҶТ дар вил. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3  қ-2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон