ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

 01.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-2 вобаста ба ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ нисбати шаҳрванд Қурбонов Д.С., шаҳрванд Сатторов Фирӯз Холназарович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир, деҳаи Навобод, пеш бо моддаи 237 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Хуҷанд вобаста ба ҷинояти қаллобӣ нисбати шаҳрванд Муталибов О.А., шаҳрванд Додоев Хуршед Файзуллоевич 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Истаравшан, кӯч. О.Почоев х.46, дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019”ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Исозода Некрӯзӣ Исроил 1992 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. А.Мухторов х.14, ки ҷинояти бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандонро содир намуда,аз тарафи ШВКД-1 дар н.Сино дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 177 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Сино  дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019”ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Исмонов Аминҷон Раҳмуддинович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Деҳотӣ х.56, ҳ.140, ки ҷинояти сохтакориро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 340 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Фирдавсӣ  дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Ибрагимов Сайфулло Раҳматович 1953 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Фучик х.23, ҳ.2, ки ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкориро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 дар н.Рӯдакӣ дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245қ.4 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе  дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Ҳасанов Самандар Искандарович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Данғара, ҷ\ш Данғара, кӯч. Восеъ х.48, ки ҷинояти бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандонро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Панҷ дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 177 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Панҷ дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Исматова Одинамо Раҳмонқуловна  1967 с/т,миллаташ тоҷик,  бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Зиракӣ, деҳаи Зиракӣ, ки ҷинояти авбоширо содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ш.Кулоб дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қ.1 КҶ ЧТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Кулоб  дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Назаров Нуралӣ Юлдошевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Оқсу, деҳаи Саргазон, ки ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгарои)-ро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Данғара дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи.3 қ.1 КҶҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Данғара  дастгир карда шуд.

 

01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Усмонов Фарҳодҷон Илҳомҷонович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров, ҷ/д Исфисор, кӯч. Санъат х.4, ки ҷинояти ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгарои)-ро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Б.Ғафуров дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307қ.2КҶҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди фурудгоҳи ш.Душанбе дастгир карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон