ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 01.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Қубодиён шаҳрвандон Амонов Турсунбой Суюнович 1985 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Т.Сангин, деҳаи С.Айнӣ, Эшбоев Азиз Уралович 1990 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва Джуманазаров Саид Чориевич 1994 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд. Номбурдагон, аз моҳи майи соли 2017 то ин ҷониб ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаи интернетии “Ютуб”, “Одноклассники” ва “Телеграмм”  баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гӯш карда, оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” маълумот пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд. Шаҳрвандон Амонов Т.С., Эшбоев А.У. ва Джуманазаров С.Ч. баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровардаанд, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошад ва минбаъд ба шаклу усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намуданд. Сипас, номбурдагон баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи С.Айнӣ, ҷ\д Т.Сангини ноҳия ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, ба ғайр аз ин онҳо шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои “Шайх Абдулло Доғистонӣ, Абдулло Зуфар, Абу Салоҳ, Содиқ-Самарқандӣ ва Муҳаммад Хаблосро мавриди мутолиа қарор додаанд. Нисбати шаҳрвандон Амонов Т.С., Эшбоев А.У.  ва Джуманазаров С.Ч. аз тарафи  ШТ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ-2 КҶҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон