ДУЗДДУХТАР БА ДАСТ АФТОД

ДУЗДДУХТАР БА ДАСТ АФТОД

 29.07.2019 шаҳрванд  Раҳимов Абдурауф Ҷалолович 1990 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ш.Панҷакент, ҷ/д Амон-дара, деҳаи Хуҷағариб ба ШВКД ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намуд, ки шаби 28 ба 29.07.2019 сол тахминан соати 03.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи “Хундай-Сантафе”, р/д ТҶ38-59КВ/02, ки дар назди меҳмонхонаи “Сино”, воқеъ дар ҷ/д Ёваи н.Б.Ғафуров беназорат меистод, 300-доллари ИМА ва 3.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Наврӯзова Санавбар Раҳматовна 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ёва, кӯч. М.Солиев х.122, дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд  Наврӯзова С.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

31.07.2019 директори КВД “Экспедитсияи инкишофи геологии Помир” шаҳрванд  Паноев Себарга Музаффарович ба ШВКД ноҳияи Мурғоб муроҷиат намуд, ки шаби 28 ба 29.07.2019 сол тахминан соати 03.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз амборхонаи корхонаи мазкур қисмҳои эҳтиётии автомашинаи “Булдозер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12.260-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон 1).Анапия Уулу Жанибекович 1982 с/т, миллаташ қирғиз, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Модиён, 2).Жанбай Уулу Айдар 1993 с/т, миллаташ қирғиз, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Башкунбез, 3).Исроилов Бекпулод Абдуҷалилович 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Мурғоб, дастгир карда шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

 

31.07.2019 шаҳрванд Бойаҳмадова Тобусбӣ Санговна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ҳисориён х.12 ба ШВКД шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, ки шаби 30 ба 31.07.2019 сол тахминан соати 01.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 2.500-сомонӣ, ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин ва нуқрагинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6.150-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

31.07.2019 шаҳрванд  Муродов Сагиз Муродалиевич 1932 с/т, миллаташ тоҷик нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Айнӣ, деҳаи Навзамин ба ШВКД ноҳияи Хуросон муроҷиат намуд, ки санаи 25.07.2019 сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 33.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

31.07.2019 роҳбарияти ширкати “ТСЕЛ”-и ба ШВКД ноҳияи Данғара муроҷиат намуданд, ки санаи 24.07.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз объекти сохташудаи “ПИС-Данғара”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шаҳбури ҷ/д И.Шариф 4-адад кондитсионерҳои тамғаи “GRE-18”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11.047-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

31.07.2019 шаҳрванд Мирзоев Нозимҷон Султонович 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. 80-солагии Душанбе х.111 ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки санаи 30.07.2019 сол тахминан соати 20.00-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15.000-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

31.07.2019 шаҳрванд  Каримова Маҳбуба Халиловна 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи Меҳробод, кӯч. Зарафшон х.4 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 31.07.2019 сол тахминан соати 10.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқчаи оҳанин 400-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2.560-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

31.07.2019 шаҳрванд Назарова Мавлуда Идиевна 1982 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Сари-Осиё х.174/1 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 29.07.2019 сол шахсони номаълум бо рохи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 3.658-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон