ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД

 30.07.2019 шаҳрванд Мирзоев Бурҳон Тағоевич 1954 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Гузарбоғ х.26 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-2 муроҷиат намуд, ки санаи 29.07.2019-сол тахминан соати 17.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии писараш, Мирзоев Диловар Бурҳонович, воқеъ дар ҷ/д Россия, деҳаи Қуштеппа х.2 даромада аз он ҷо лавозимоти рӯзғорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3.900-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Ҳайталиев Русланбек Шомуродович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Н.Хусрав, ҷ/д Истиқлол, деҳаи Олтинсой, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

30.07.2019 шаҳрванд Фозилова Назира Аскаровна 1990 с/т, истиқоматкунандаи маҳаллаи 8-ум, х.69 ҳ.48, миллаташ точик, бекор ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки 24.06.2019-сол тахминан соати 05:00-дақиқа ҳангоми дар толори дилхушии «Хваканта»-и ш.Хуҷанд қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои миз 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси С-8»-ро, ки арзишаш 5500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Акбаров Насимҷон Саиднозимович 1988 с/т, истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров, ҷ/д Д.Холматов, кӯчаи Боғбон х.24, миллаташ тоҷик дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Акбаров Н.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон