ТЕРРОРИСТРО ДАСТГИР КАРДА БА ТОҶИКИСТОН ИСТИРДОД НАМУДАНД

 30.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Азизов Заробиддин Ғоибназарович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Намуна, деҳаи Қумсой дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2018 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи Федератсияи Россия рафта, дар вақти дар онҷо қарор доштанаш тавассути шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” бо мустаори “Абубакр”, “Абухудоба”, “Абу-зубайр” бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, шаҳрванд Азизов З.Ғ. бо мақсади иштирок кардан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангии давлати Сурия моҳи июли соли 2019 аксҳои шиносномаи хориҷиашро барои харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ба аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” бо тахаллуси “Мансур” ва “Абубакр” равон мекунад. Шаҳрванд Азизов З.Ғ санаи 25.07.2019 сол аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дастгир карда шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст. Нисбати шаҳрванд Азизов З.Ғ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қ-3 ва 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон