ХОДИСАИ НОХУШ

ХОДИСАИ НОХУШ

 27.07.2019 тахминан соати 19.30-дақиқа шаҳрванд Ниёзов Сангинмурод Бегалиевич 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Лучоб, деҳаи Дурманбулоқ, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ҷ/д Лучоб аз беэҳтиётиаш ғарк шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

27.07.2019 тахминан соати 20.00-дақиқа шаҳрванд Вазирбеков Пайшанбе Вазирбекович 1949 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи кӯч. Мичурин х.33, ҳангоми оббозӣ кардан дар ҳавзи боғи фароғатии “Чорбоғ”-и ш.Хоруғ аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

 

27.07.2019 тахминан соати 15.30-дақиқа шаҳрвандон 1). Файзуллоев Бобоҷон Гурезович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, кӯч. Тамошотеппа, 2). Худоев Дилшод Маҳмадрасулович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Панҷ, ҷ/д К.Сайфуддин, деҳаи Мӯъминобод, 3). Сафаров Саид Алиевич 1958 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Восеъ, ҷ/д Ҳулбук, деҳаи Гулистон, ҳангоми дар заминҳои ноҳамвори мавзеи “Чуқураки-поён”-и ҷ/д Шуғнов ба шустани тилло машғул буданашон, ногаҳон аз баландии 3-метр ба болояшон сангу шағал афтидааст. Дар натиҷа шаҳрванд Файзуллоев Б.Г. ва Худоев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Шаҳрванд Сафаров С.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.

 

28.07.2019 тахминан соати 12.00-дақиқа шаҳрванд Ҷӯраев Маъруфҷон Расулҷонович 1995 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Лаккон, деҳаи Чашма-2, дар даромадгоҳи манзили  истиқоматиаш ҳангоми ба қафо идора намудани а/м шахсиаш тамғаи «Мазда», р/д ТҶ 43-28 ВС/02, аз беэҳтиётиаш хурдсол, Илҳомзода Марямбону 2017 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи н. Ашт, ҷ/д Ифтихор, деҳаи Киркудук, кӯч. М.Абдуазиз х.25, ки бо ҳамроҳии волидонаш дар хонаи мазкур муваққатан истиқомат мекард пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Илҳомзода М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон