ТОБУТИ ХУНИНИ 3-МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН МЕОРАНД (3АКС)

ТОБУТИ ХУНИНИ 3-МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН МЕОРАНД (3АКС)

 Шаҳлои Наҷмиддин, як нафар хабарнигори бурунмарзии тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш аз марги фоҷиабори 3 муҳоҷири тоҷик хабар додааст. Хонум Шаҳло дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфт, ки ин муҳоҷирони бечора ҷони худро дар садамаи нақлиётӣ аз даст додаанд. 

Ҳодисаи мазкур даҳ рӯз пеш дар шаҳри Сызрани вилояти Самара рӯй дод. Дар натиҷаи садамаи автомобилии даҳшатнок дар ин шаҳр як зану як марди рус дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, 3 нафар муҳоҷирон тоҷикро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, аммо талошҳои табибони рус барои наҷот додани захмишудагони садамаи нақлиётӣ ягон натиҷа надоданд. 
Пас аз даҳ шабонарӯзи талош бо марг, шаби 22-юми июн ҳар 3 нафар захмиён Зурибеков Муродбек Исматович соли таваллуд 05.01.1996, Маҳмудов Рабони Сарабекович соли таваллуд 26.01.1996 ва Фаррух, ки ҳамсинфи буданд, дар бемористон ҷон додаанд. Дар ин бора  Салимҷон Ансорӣ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, гуфтааст, ки ҷасадҳояшонро ба ватан интиқол намуданд. Муҳоҷирони фавтида аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, дар айни шукуфоии умр қарор доштанд, аммо аҷал дар ғарибӣ ба гиребони эшон панҷа зад. 
Мо ба падару модар, зану фарзанд ва дигар пайвандони ин муҳоҷирони хунинкафан дар таҳаммули ин бохти ҷигарсӯз аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоста, дуо мекунем, ки Офаридгор тамоми муҳоҷирони тоҷикрро, ки ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон дар ғурбат умр ба сар мебаранд, дар паноҳи худ нигаҳбон бошад. 

Гар бимирам дар ғарибӣ Тоҷикистонам баред,
Бо дуои хайру бо оёти Куръонам баред.

Кардааст хотирпарешонам ғарибӣ солҳо, 
Баъди маргам сӯи хешони парешонам баред.
Ман барои ризқи поку пораи нон омадам,
Сӯи аҳли хонадон бо пораи нонам баред.
Ҳар куҷое метавонедам гузоред дар Ватан
Гар маро инсон бидонед, Тоҷикистонам баред.


 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон