ТАҲДИД БА КУШТАН

 22.07.2019 шаҳрванд Мухторов Сардор Назарвалиевич 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, ҷ/д Водхуд, деҳаи Узбай ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 21.07.2019 сол тахминан соати 22.40-дақиқа ҳангоми дар дохили тарабхонаи “Абрикол”, воқеъ дар кӯч. А.Ғуломов-20, қарор доштанаш  “Оятулло” ном шахс дар ҳолати мастӣ қарор дошта, корди хоҷагии дар дасташ бударо ба гарданаш гузошта, таҳдиди куштан намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Мухторов С.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ризоев Оятулло Боевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/ш М.Турсунзода, деҳаи Элок х.47, дастгир карда шуд. Аз камераҳои мушоҳидавӣ тарабхонаи мазкур сабтҳо гирифта шуда, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон