ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ ВА ТИЛЛОВОРӢ

ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ ВА ТИЛЛОВОРӢ

 21.07.2019 шаҳрванд Илёсов Тоҷиддин Сайдаҳмадович 1981 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи кӯчаи Роҳатӣ х.44 ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 20.07.2019-сол тахминан соати 15:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 11.200-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллогин ва нуқрагин, ки арзиши умумиашон 14.500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

21.07.2019 шаҳрванд Толиев Ҷалол Тоштемирович 1964 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи ҷ/д М.Турсунзода, деҳаи Гулбутта ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 20.07.2019-сол тахминан соати 10:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо чизе нагирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.07.2019 шаҳрванд Ғаффоров Умедҷон Шарифович 1974 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи кӯчаи С.Ҷалол х.22 ба ШВКД ноҳияи Файзобод муроҷиат намуд, ки санаи 20.07.2019-сол тахминан соати 21:50-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефони мобилии тамғаҳои “Самсунг”, “Алкател” ва ҷавоҳироти тиллогин, ки арзиши умумиашон 1270-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.07.19 шаҳрванд Назирҷонзода Шерзод 1999 с/т, истиқоматкунандаи ш.Истаравшан, ҷ/д Зарҳалол, кӯчаи Иброҳимӣ х.53, мувақаттан истиқоматкунандаи кӯчаи А.Фирдавсӣ х.107, ҳ.3, миллаташ тоҷик, соҳибкори инфиродӣ ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки санаи 21.07.2019-сол тахминан соати 07:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи мувақаттан истиқоматиаш даромада аз он ҷо 6695-сомонӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки маблағи умумиашон 13.115-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса гайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.07.2019 шаҳрванд Ғуломюсуфова Лайло Маҳмадюсуфовна 1983 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи н.Роштқалъа, мувақ. истиқоматкунандаи кӯчаи Лоҳутӣ-3, ҳ.3а ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 20.07.2019-сол шаҳрванд Давлатмамадова Фарида Холмаҳмадовна 1980 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯшон, мувақаттан истиқоматкунандаи кӯчаи Лоҳутӣ-3, ҳ.3а бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш ҷавоҳиротҳои тиллогинаш, ки арзиши умумиашон 4600-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Барои дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон