Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

 Ба мақомоти милитсия зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 10 июли соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Спринтер”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум рафтааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкурро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд. 
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон