Мардумфиребӣ дар байни сокинони шаҳри Душанбе

 Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пешдастгиршуда, марди 62-солаи сокини пойтахт, 28 декабри соли 2012, бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намуда додани манзили истиқоматӣ аз ӯ 113.000-сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо марди 41-солаи сокини пойтахт, моҳи июни соли 2001, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намуда додани хонаи 3-ҳучрагӣ аз ӯ 176.000-сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон