Дуздии чорво дар ноҳияи Зафаробод ошкор гардид

 Ба мақомоти милитсия зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 2 июли соли 2019, тахминан соати 22:40-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҷайҳун”, воқеъ дар ноҳияи зикргардида, 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 10.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. 
Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон