Чаппа шудани автомашина ба чуқурӣ ва фавти як нафар

 10.07.с.2019, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Шамсов Амирҷон Боронович, соли таваллудаш 1984, сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Восеъ ба самти ш.Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди деҳоти Зарбдори шаҳри зикргардида, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 8-метр чаппа шудааст. 

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Куганов Барот, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Худи ронанда ва дигар мусофиронаш: Нуралиева Марворид, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор ва Каримова Оймома соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон