ТУРСУНЗОДА: ДОДАР АПАРО КУШТУ ЯНГАРО ТӮҲМАТ КАРД

ТУРСУНЗОДА: ДОДАР АПАРО КУШТУ ЯНГАРО ТӮҲМАТ КАРД

 Сокини деҳаи Каммунаи ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Сангиной Тағоева, ки дар куштори хоҳаршӯяш гумонбар дониста мешуд, ба озодӣ баромад.Дар ин бора чанд лаҳза қабл як ҳамдеҳаи Сангиной бо шарти пинҳон доштани ному насабаш ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар дод. 
Сангиной Тағоева зодаи деҳаи Қади Ҷӯйбори Шаҳринав буда, дар деҳаи Коммунаи Турсунзода ба шавҳар баромадааст. Ҳамсараш мисли ҳазорон ҷавонмардони тоҷик ҳамасола ба Русия ба мардикорӣ рафта меомад. Дар хабари қаблӣ гуфта мешуд, ки шавҳари Сангиной пеш аз иди рамазон баноми хоҳараш, ки бо ду фарзанд аз ҳамсараш ҷудо шуда, дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекардааст, пул мефиристад ва хоҳиш мекунад, ки он маблағро ба янгааш диҳад. Хоҳаршӯйи Сангиной як қисми хеле ками маблағро ба ҳамсари бародараш дода, пули боқимондаро ба ҷайби худ мезанад. Байни янга ва хоҳаршӯй гӯё аз рӯйи ҳамон пул моҷаро бархоста, дар сари қаҳру ғазаб Сангиной бо кетман қайсингилашро зада куштааст....
Бо гумони содир намудани ҷинояти куштор Сангиной Тағоеваро ба ҳабси пешакӣ гирифта буданд, аммо баъди як моҳи пурсуҷӯйҳо ӯро аз ҳабс озод намуданд. Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин куштори бераҳмонаро дар асл на Сангиной Тағоева, балки додаршӯяш содир намудааст. Байни апаю додар аз рӯйи овозаҳои мардум моҷаро бархоста, кор бо куштор анҷом ёфтааст. Пас аз содир намудани ҷинояти куштор додаршӯяш Сангинойро розӣ мекунонад, ки гуноҳро ба гардан бигирад. Ҷавонзан зери таҳдид ва фишори бародари шавҳараш аз тарс гуноҳи нокардаро бар дӯши худ гирифтааст, аммо билохира ҳақиқат рӯйи об баромада, Сангиной Тағоеваро озод намуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон