Чорводузд ба даст афтод

 Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ҳамин шаҳр дар он хусус муроҷиат кардааст, ки 22 июни соли 2019, тахминан соатҳои 14:00-дақиқа, шахсони номаълум аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса паврандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон