РОНАНДАИ ГУРЕЗӢ ДАР БОХТАР ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

РОНАНДАИ ГУРЕЗӢ ДАР БОХТАР ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

 

 Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи 1-уми июни соли 2019, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тoйота Кoролла», рақами қайди давлатиаш 3101 АН01, Холназаров Фирӯзҷон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кушониён, ки бидуни ваколатнома дар бораи ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт, автомашинаи мазкурро идора мекард ва автомашина ба бародараш Холназаров Фарҳод, соли таваллудаш 1984 тааллуқ дорад, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии «Сафар-К»-и шаҳри мазкур, дар кӯчаи Ваҳдат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдураҳмонова Мунавар, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова М. ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса афтода беҳуш мешавад.


Ронанда Холназаров Ф. дидаву дониста пиёдагард Абдураҳмонова Мунаварро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок гузошта, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия Холназаров Фирӯзҷон дар ҳолати фирор дар як мудати кӯтоҳ дастгир карда шуда, оид ба ҳодисаи мазкур дар ШВКД шаҳри Бохтар нисбаташ бо аломатҳои моддаҳои 127 ва 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар бораи ин садама ва фирори ронанда нахустин шуда, сомонаи "Ахбор” рӯзи 3 июн бар пояи видеои фиристодаи хонандагон гузориш дода буд.

ГУРЕХТ! ГУРЕХТ! ВИДЕОИ ФИРОРИ РОНАНДАИ "ЛЕКСУС” БАЪДИ ПАХШ КАРДАНИ ЗАНИ РОҲГУЗАР

 

Яке аз видеокамераҳои назоратӣ дар маркази шаҳри Бохтар лаҳзаи як зани роҳгузарро пахш кардани мошини гаронбаҳо ва фирори ронанда аз ҷои ҳодисаро сабт кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки як мошини сафеди қиматбаҳо зани тахминан 30-35 соларо пахш мекунад. Зан 5-6 метр пеш парида, сипас дар рӯи роҳ меафтад ва роҳгузарон ба кумаки ӯ медаванд. Вале ронанда мошинашро аз паҳлуи ҷасади зан тоб дода, бошаст аз ҷои садама фирор мекунад. Як марди ҷавон, ки ба кумаки зани ҷабрдида мешитофт, бо хашм ба тарафи ронандаи мошини сафед даст меафшонад, вале ӯ аҳамият надода, фирор мекунад.

"Гурехт! Гурехт!” – шарҳ медиҳанд ин лаҳзаро онҳое, ки ин сабтро тамошо доранд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон ин садамаро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Дар бораи ин ҳодиса дар навори хабарҳои ВКД Тоҷикистон низ ҳанӯз чизе нашр нашудааст.

РОНАНДАИ ГУРЕЗӢ ДАР БОХТАР ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

 

РОНАНДАИ ГУРЕЗӢ ДАР БОХТАР ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

 

РОНАНДАИ ГУРЕЗӢ ДАР БОХТАР ДАСТГИР ШУД (ВИДЕО ВА 3 АКС)

 

назари худро нависед
Если у вас на работе или дома заблокирован доступ к этому или любому другому сайту
Используйте тор браузер он обходит все возможные блокировки провайдеров.
https://tor-browser-vpn.ru/
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон