То 4 соат тафтиш: назорати шадиди худравҳои сокинони Тоҷикистон дар марзи Узбакистон

То 4 соат тафтиш: назорати шадиди худравҳои сокинони Тоҷикистон дар марзи Узбакистон

 Мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд
Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро зери назорати шадид қарор медиҳанд ва дурудароз тафтиш мекунанд, хабар медиҳад "Тоҷикистон таймс".

Бино ба хабарҳое, ки аз минтақаи гумрукии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон расидааст, мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд, менависад манбаъ.

Ба иттилои вебгоҳ, мошинҳои Тоҷикистонро ҳангоми бори аввал ба хоки Узбакистон ворид шудан, аз 3 то 4 соат тафтиш мекунанд.

"Эҳтимол далели сахт шудани тафтиши мошинҳои Тоҷикистон дар марз ба ҳодисаи ошкор шудани интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳи Ойбек дар марзи Тоҷикистону Узбакистон рабт дошта бошад", - менависад манбаъ.

Ронандаҳои тоҷик гуфтаанд, ки ҳангоми убур аз марз кормандони ниҳодҳои гумрукии Узбакистон онҳоро ба боз кардани балонҳои газ, чархҳои мошин ва чархҳои эҳтиётӣ водор мекунанд.

"Кормандони гумрук ҳадаф аз ин иқдоми сахтгиронаро навъи талош барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбакистон унвон кардаанд", - тавзеҳ медиҳад вебгоҳ.

Ронандагон мегӯянд, ки роҳи ҳалли ин мушкил насби асбобҳои замонавӣ барои назорати интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои марзӣ мебошад, ки тафтиши мошинҳо зуд ва бидуни асабоният анҷом мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Панҷакент ба сомонаи Tajikistantimes гуфтанд, ки дар вақтҳои ахир кормандони гумруки Тоҷикистон ба сокинони Панҷакент иҷоза намедиҳанд, ки аз шаҳри Самарқанд маводи ғизоӣ ва мева ворид кунанд.

Қаблан сокинони Панҷакент аз бозори маъруфи Ургут дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо нархи аз Тоҷикистон хеле поинтар маводи ғизоӣ харидорӣ карда ва бидуни мушкил ба Панҷакент меоварданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/asia/20190522/1028971317/nazorat--khudrav-Tojikiston-marz-Uzbakiston.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон