Таҷаммӯъи 5 ҳазор ҷангии ДОИШ дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Таҷаммӯъи 5 ҳазор ҷангии ДОИШ дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

 

Таҷаммӯъи 5 ҳазор ҷангии ДОИШ дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мудири Хадамоти федероли амниятии Русия гуфтааст, ки феълан дар манотиқи шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳаммарз аст,  ҳудуди 5 ҳазор ҷангии гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ҷамъ омадаанд.

Александр Бортников рӯзи 21 май дар суҳбат бо хабаргузориҳои Русия таъкид доштааст, ки ин ҷангиён аз Сурия ба минтақаи ба истилоҳ “Вилояти Хуросон” дар шимоли Афғонистон мунтақил шудаанд ва “ин вазъ нигаронкунанда аст”.

Қаблан Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфта буд, ки гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” минтақаҳои шимоли Афғонистонро ҳамчун пойгоҳ барои ворид шудан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард.

Ба ин далел, Сергей Шойгу хостори боло бурдани омодагии ҷангии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон