Арабистони Саудӣ аз ҳамла ба киштиҳои нафткаш хабар дод

Арабистони Саудӣ аз ҳамла ба киштиҳои нафткаш хабар дод

 

Арабистони Саудӣ аз ҳамла ба киштиҳои нафткаш хабар дод

Арабистони Саудӣ мегӯяд, ду киштии нафткаши он дар соҳилҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мавриди “ҳамлаи харобкорона” қарор гирифтааст. Холид ал-Фалиҳ, вазири энержии Арабистони Саудӣ рӯзи 13-уми май гуфт, яке аз киштиҳои нафткаши он барои гирифтани нафт ба ин кишвар меомад, то ба мизоҷонаш дар Амрико бибарад.

Дар ҳамла дар рӯзи 12-уми май касе осеб надидааст ва ё нафт хориҷ нашудааст, аммо ба қавли вазир баданаи ҳарду киштӣ сахт осеб дидаанд. Аз ин пештар вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, ба чаҳор зидди киштии тиҷоратии кишвар “амалиёти харобкорӣ” сурат гирифтааст, вале касе осеб надидааст.

Маълум нест, амалиёт дар наздикии шаҳри бандарии Фуҷара чӣ гуна амалиёт ва кори дасти кӣ будааст, вале шаҳр дар наздии гулӯгоҳи Ҳурмуз дар Халиҷи Форс, яке аз роҳҳои аслии киштиҳои нафткаш ба бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Гузоришҳо дар бораи харобкорӣ дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Амрикову Эрон авҷ гирифтааст. Ҳафтаи гузашта Амрико гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна таҳдидҳои эҳтимолии Эрон ба Халиҷи Форс як нови азим ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристодааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон