БОЗДОШТИ КОРМАНДИ САҲШ (ЗАГС) ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 1000 СОМОНӢ ПОРА

 

Як корманди Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ ё ЗАГС)-и шаҳри Панҷакент, барои гирифтани 1000 сомонӣ маблағи пулӣ аз як шаҳрванд, аз тарафи кормандони мубориза бо коррупсия боздошт гардидааст. Сарчашмаҳои сомонаи "Ахбор” мегӯянд, аввал чанд нафар аз кормандони ин ниҳод, аз ҷумла ду занро низ бо гумони даст доштан ба ҷинояти мазкур боздошт кардаанд, вале баъдан гумонбари асосӣ муайян мешавад, ки ӯ мутахасис-коргузори САҲШ, Қосимов Алиҷон соли тавллудаш 1991, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшиносбудааст.

Алиҷон Қосимов қариб як сол пеш ба идораи САҲШ-и Панҷакент ба кор омада будааст.

Ба гуфтаи манобеи "Ахбор”, ин нафар аз шаҳрванд "М”, як сокини шаҳри Панҷакент, барои иваз кардани ному насаб 1000 сомонӣ маблағ талаб мекунад. Аммо дар асл супоридани ҳаққи хизмати ивази ному насаб дар Амонатбонк 160 сомонӣ будааст. Кормандони шӯъбаи Раёсати агентии молиявӣ давлатӣ ва мубориза бо корупсия дар водии Зарафшон, ҳаншоми гирифтани маблағ аз корафтода, корманди САҲШ-ро дастгир мекунанд. Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, айни замон нисбати гумонбар Қосимов Алиҷон бо моддаи 324 қисми 1-и Кодеки ҷиноятии ҶТ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ

1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ў барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,

- бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар: а) такроран; б) ба миқдори калон содир шуда бошад,

- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент мегӯянд, воқеъан мақомоти САҲШ дар ин минтақа ба як макони тиҷорат табдил гардида, ҳамарӯза даҳҳо нафар пушти дари ин идора мунтазири навбатанду вале дар 2-3 рӯз наметавонад корашонро буд кунанд. Кормандони идораи САҲШ ба зами он, ки мардум маблағи хизматрасониро дар бонки давлатӣ месупоранд, боз дар бисёр маврид аз корафтодагон маблағ талаб мекардаанд.

Саидҷон, як сокини шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат ба сомонаи "Ахбор” гуфт, "зиёда аз 3 моҳ барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдакам ба ин идора мерафтаму меомадам. Ҳама маблағҳои гуфтаашонро сари вақт дар Амонатбонк супорида будам. Вале боз барои як қоғазро навишта додан ҳамин қадар вақт сарсонам намуданд. Ахиранд баъди ҷанҷолу хархаша бардоштанам шаҳодатномаи фарзандамро ба даст гирифтам."

- Кашолкорӣ даргирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ивази ному насаб, гирифтани маълумотнома аз бойгонӣ, талаби маблағ ва ғайраҳо аз ҷумлаи мушкилоти асосии идораи САҲШ мебошад, – мегӯянд сокинони Панҷакент.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон