АХБОРИ КРИМИНАЛИИ РӮЗИ 11 ФЕВРАЛ (6 АКС)

Рӯзи 10 феврал сокини 8-солаи деҳаи Савдаи ноҳияи Шаҳринав Муҳаммад Зарипов зери чархи мошини "Мерседес” ҷон додааст.

Дар ноҳияи Спитамен як марди 32-соларо бо иттиҳоми дуздӣ аз 4 дорухона ва дар Панҷакент ду сокини ҷамоати Саразмро бо гумони ғоратгарӣ дастгир кардаанд.

Се нафар дар "Баҳри тоҷик” бо 376 кило моҳии қочоқӣ ба даст афтодаанд.

 

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Зери чархи мошин мондани хурдсол дар ноҳияи Шаҳринав

Рӯзи 10-уми феврали соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс”, Абдуллоев Мансурҷон Рустамович, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Зарипов Муҳаммад Шарофҷонович, соли таваллудаш 2011, сокини деҳаи Савдаро пахш намудааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш хурдсол Зарипов М.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ғоратгарӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 32 ва 28-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, шаби 8-ум ба 9-уми феврали соли 2019 ба ҳавлии истиқоматии зани 32-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ворид шуда, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз ӯ маблағи пулӣ 300-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Боздошти гумонбари чор дуздӣ дар дорухонаҳо

 

Шоми 20-ум ба 21 январи соли 2019 яку якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ҳаракатҳои ҷиноятӣ қарор гирифт. Шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дари даромад ғайриқонунӣ вориди дорухона гардида танҳо нақдинаҳои пулиро тасарруф кардаанд.

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти дуздро муайян ва ба чирадастии дузд нуқта гузоштанд. Дар гумонбарӣ ба дуздии бисёрлаҳзаина шаҳрванд Нарзиев Дустмурод Хурсандбекович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки қаблан соли 2017 барои дуздӣ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардидаву 3-юми январи соли равон ба озодӣ баромадаст, омухтагӣ ба ҷиноятро такрор ва дар ҳолати ретсидив дуздӣ ва сӯиқасд ба онро содир намудааст.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки маротибаи аввал низ Дустмурод Нарзиев дар ҳамин ноҳия дуздӣ содир карда буд.
Ҳар чор дорухона дар як мавзеъ дохили бозори марказии ноҳияи Спитамен ҷойгиранд. Аз ду дорухона гумонбаршуда Нарзиев Д. дасти холӣ набаромада аз яке 4 ҳазору 600 сомонӣ ва аз дуюми 200 сомонии соҳибмулконро тасарруф кардааст. Дар ду ҳолати дигар тафтишот сӯиқасди дуздиро ба ӯ нисбат медиҳад. Аз сабаби дарёфт накардани маблағи пулӣ ва ашёҳои арзишнок номбурда ҷинояти худро ба охир нарасонида бо шикастан ва корношоям кардани қулфи дар ба ҷабрдидаҳо зарари моддӣ мерасонад.

Масъулини Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен панҷарапӯш набудани дорухонаҳоро, ки аз метали пластикӣ сохта шудаанд, ҳамчун ҳолати мусоидаткунанда барои амалӣ гаштани нақшаи ҷиноятӣ медонанд. Баъди адои ҷазо ва ду ҳафта дар озодӣ қарор доштан Дустмурод Нарзиев ҳамин шароитро ба манфиати худ истифода кардааст.
Милитсияи ноҳияи Спитамен бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷойи буду боши гумонбаршуда Дустмурод Нарзиевро муайян ва ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва дар асоси парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс тадбиқ шудааст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дуздии автомашина аз назди хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми феврали соли 2019, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Зафира”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Қаллобӣ бо баҳонаи ба номи шаҳрванд ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи истиқоматӣ

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодомро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 2-юми декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи он, ки хонаи истиқоматиашро ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ менамояд, аз номбурда 130 000-рубли ФР ва 4000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағҳои пулӣ ва ангуштаринҳои нуқрагӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2019, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 3 ҳазору 700-сомонӣ, 14 000-рубли ФР ва 7-адад ангуштаринҳои нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7000-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Конибодом бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Дастгир гардидани ғоратгари телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Яккачинори пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Яккачинор қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро телефони мобилиаш тамғаи "Самсунг С-6", ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаҳои 130 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда рӯзи 3-юми феврали соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Борбади пойтахт қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 27-солаи сокини кӯчаи Борбад телефони мобилии тамғаи "Самсунг А-6", ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 29-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Абай қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 23-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душнабе телефони мобилии тамғаи "Редми-6", ки арзишаш 200-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин, номбурда санаи 27-уми январи соли 2019 ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт қарор доштанаш бо роҳӣ ошкоро аз дасти марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат телефони мобилии тамғаи "Самсунг А-3", ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Риоя накардани меъёрҳои муқарргардидаи моҳидорӣ ба талафоти моҳӣ боис мешавад!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди моҳипарварӣ барномаҳои давлатӣ қабул намуда соҳаи моҳипарвариро бо ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ равнақ мебахшад. То ин ки бозори истеъмолии кишвар аз ин анвои гушти парҳезӣ таъмин бошад. Мутаассифона баъзе афроди манфиатхоҳ бо амалу рафтори харобиовар ба амалишавии барномаҳои давлатӣ монеа эҷод мекунанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо риоя накардани меъёрҳои муқарраргардида дар самти шикори моҳӣ шуда метавонад, ки талаботи экологиро халалдор сохта захираи табии ҳайвоноти обиро коҳиш медиҳад.

Кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳолат чорабиниву санҷишҳои дахлдор мегузаронанд. Ҳафтаи гузашта дар ҳудуди обанбори «Баҳри тоҷик» якчанд далели гайримақсаднок ва бе риояи талаботи муқарраргардида сайд кардани моҳиро милитсияи экологӣ ошкор намуд.
Шаҳрвандон Эргашев Шуҳрат, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шарипов Аслиддин, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом бо вазни умумии 250 кг навъҳои гуногуни моҳиро ҷамъоварӣ намуда, мақсад доштанд ба бозори истеъмолӣ ворид намоянд, ки бо ин кирдорашон тартиботи муқарраргардидаи ҷамъоварии моҳиро халалдор сохта ба объектҳои олами ҳайвоноту наботот зарар расондаанд.
Бо ошкор гардидани ҳолати мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар асоси талаботи моддаи 210 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол ба расмият дароварда шуд.

Ё ин ки шаҳрвандон Шокиров Ғафур ва Ҷабборов Бахтиёр, истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом қоидаи муқарраргардидаро ҳангоми истифодабарии тури моҳидорӣ риоя накарда, тури сурохиаш аз 35 мм хурдро истифода бурдаанд, ки боиси нобуд шудани моҳиҳои хурдҷусса гаштааст. Навъҳои сурфамоҳӣ ва нуқрамоҳии 10 - 12 см, ки имконияти афзоиш ёфтан доштанд аз тарафи моҳидорон сайд шудааст, ки хилофи истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошад. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва дар баробари ашёҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 126 кг моҳӣ мусодира шудааст.
Фаъолияти кормандони милитсия оид ба масъалаҳои экологии вилояти Суғд дар самти ҳифз намудани захираҳои ҳайвоноти обӣ, ки метавонад ба рушди моҳипарварӣ мусоидат намояд, равона гардида, мутобиқи дастури роҳбарияти ВКД боз вусъат дода мешавад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон