- Соли 2018 дар Тоҷикистон ягон грамм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ба фурӯш гузошта нашудааст, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои ӯ, тамоми маҳсулоти хӯроквории воридшуда дар озмоишгоҳҳои Кумита аз ташхис гузашта, маҳсулоте, ки чавобгӯи меъёрҳо набуд, баргардонида шуд.

Камолзода қайд кард, ки соли 2018 барои пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок барои истеъмол дар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и Кумита наздик 1 млн. ташхисҳо гузаронида шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои ташхис мувофиқи қоидаҳо беш аз 22 тонна маҳсулоти гӯштӣ, ҳудуди 11 тонна маҳсулоти ширӣ, беш аз 57 ҳазор дона тухм, 85 тонна маҳсулоти сабзавоту мева, 1,8 тонна намак ва 1,1 тонна равған ошкор ва нобуд карда шудааст.

“Бо сабаби бе иҷозаи Кумита тариқи гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” ба ҷумҳурӣ ворид кардани зиёда аз 240 тонна гӯшти парранда нисбати ширкатҳои “Азия-12” ва “Далерон” чораҷӯӣ шуда, маҳсулоти онҳо ба нафъи давлат мусодира шуд. Маҳсулоти ин ширкатҳо ба меъёрҳо ҷавобгӯ буд, лекин онҳо қоидаҳои расмиёти воридоти маҳсулотро нодида гирифта, дастрас намудани иҷозатномаи дахлдорро аз Кумита мо лозим надонистаанд”, - изҳор дошт Фарҳод Камолзода.

Тибқи маълуомти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, соли 2016 дар Тоҷикистон 6,5 ҳазор тонна ва соли 2017 – 6,8 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шуда, лекин соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот босуръат кам ва нимсолаи аввал ҳамагӣ 0,9 ҳазор тонна ин навъи гӯшт истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати зиёди гӯшти мурғ ба Тоҷикитсон аз ИМА, Бразилия, Русия ва Туркия ворид мешавад.